ИСЛОМИ СИЁСӢ ДАР МАЙДОНИ БОЗИҲОИ ГЕОПОЛИТИКӢ. Ҳушдори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақшаҳои нопоки ҳизби наҳзат ва ҳадафҳои пасипардагии сармоягузоронаш

11.07.2018

«Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, ки боиси низоъ ва даргириҳои зиёди хунин дар минтақаҳои гуногуни сайёра, махсусан, дар кишварҳои шарқи мусулмонӣ гардидааст, давлатҳо ва ҷомеаҳои ҷаҳониро ба ташвиш оварда, дар пайи андешидани тадбиру чораҳои муассир саргардон кардааст», — гуфта мешавад дар изҳороти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз аз ҷониби хадамоти матбуотии ин ниҳод ба АМИТ «Ховар» расид. Дар зер матни ин изҳорот пурра оварда мешавад.

328Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, ки боиси низоъ ва даргириҳои зиёди хунин дар минтақаҳои гуногуни сайёра, махсусан, дар кишварҳои шарқи мусулмонӣ гардидааст, давлатҳо ва ҷомеаҳои ҷаҳониро ба ташвиш оварда, дар пайи андешидани тадбиру чораҳои муассир саргардон кардааст. Сӯйистифода аз дину мазҳабҳо, сиёсӣ кардани ислом ва бар асоси хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ парокандани тухми кинаву адоват, ҳамчунин нохун задан ба эҳсоси мазҳабии мардуми мамолики Ховари Миёна барои коргардонон ва таҳиягарони сенарияҳои муосири сиёсӣ ва мафкуравӣ минҳайсивасила ё абзори калидӣ хидмат мекунад. Муҳимтар аз ин, дар заминаи бархӯрдҳои мазҳабӣ ва шикастани ҳувияти миллӣ ва марзи дунёмадорӣ (секуляризм) низомҳои динӣ-мазҳабӣ дар минтақаҳо ба таври маснӯӣ созмон меёбанд ва сохтори сиёсӣ ва давлатӣ бар мабнои сиёсати мазҳабӣ шакл гирифта, барномаи сохтмони давлатҳои динӣ дар минтақаҳои гуногуни Шарқи мусулмонӣ тарҳрезӣ мешавад. Ин тарзи кор ба унвони стратегияи сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳадафи меҳварии бозиҳои геополитики минтақавӣ ва ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад ва ҷиҳати даргир сохтан ва бесубот кардани минтақаҳо амалӣ мегардад.

муфассал

 

ВАТАНБИЗНЕС ё чаро падари Кабирӣ Тарас Булба нашуд?

29.06.2018

Дар ҳар давру замон ба хоину хиёнаткор ҳам дӯст нафрат дораду ҳам душман. Дар маводи мазкур сухан дар бораи хиёнати аз ҳама бузург ва нобахшиданӣ - хиёнат ба Ватан-Модар меравад. Пеш аз оне, ки дар робита ба ин мавзуъ ҳарфе гуфта бошем, зарур аст, ба мафҳумҳое чун Ватан ва хиёнат тасаввуроти аниқ пайдо намоем.

327Ватан, диёр, меҳан, кишвар, мамлакат ва сарзамине, ки кас дар он таваллуд шудааст, маконе, ки хуни нофаш рехтааст, кишваре, ки бо сарватҳои табиӣ, аҳолӣ, сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, хусусиятҳои забон, фарҳанг, оин ва урфу одат ба соҳибватанон таърихан тааллуқ дорад.
Хиёнат - бевафоӣ, аҳдшикан, амалест нобахшиданӣ. Ҷазои шахсе, ки бо ин амал даст мезанад, танҳо марг аст. Хиёнат ба Ватанро одатан душмани бадтар аз душман медонанд. Чунки душмани берун доим ба манфиати Ватани худ амал мекунад, хиёнаткор бошад, ба давлату миллати худ.
Нависанади бузурги рус О.Платанов дуруст қайд кардааст: «Сабабҳои даст задан ба хиёнату хиёнаткорӣ гуногун шуда метавонад. Аммо омили асосии хиёнат ба давлату миллат, ин ҳирсу ҳасодат, майлу рағбат ба пулу мол ва зиндагии пурҳаловат намудан мебошад».

муфассал

 

ДАСТПАРВАРИ БЕГОНАГОН

21.06.2018

172Гузашти марҳилаҳо ва ба вуҷуд омадани воқеаву рӯйдоди нав дар кишвар ва хориҷи дуру наздик нишон медиҳад, ки ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) ба таври комил дастпарвардаву дастнишондаи бегонагон буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон, барҳам задани истиқлолияти сиёсӣ ва ба таври комил гирифтори афкори мазҳабию ғайримиллӣ намудани мардуми фарҳангсолору шарафманди тоҷик мебошад.

муфассал

 

ТЕРРОРИЗМ МИЛЛАТ ВА ВАТАН НАДОРАД

21.06.2018

173(Дар радифи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22. 12. 2017.)

Ибораи терроризмро борҳо шунидаем, ҳатто дар бораи ин падидаи номатлуб ҳамчун вабои асри 21 мақолаҳо мутоила намудаем. Аммо ба ин нигоҳ накарда зарурияти мубориза бар зидди ин падидаи номатлуби аср аҳамияти худро гум накардааст. 
Эҳтимолияти рушди равандҳои сиёсиро дар ҷаҳони муосир таҳлил намуда Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон доимо таъкид менамоянд, ки сабақи талхи таърихи навини тоҷикон ҳар шахсро водор менамоянд, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст додан лозим нест, ватандӯсту ватанпарвар будан зарур аст, аз гузаштаи пурғановати ниёгон ифтихор намуда баҳри пойдор намудани ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодон заҳмат кашидан зарур аст.

муфассал

 

ТААССУБИ ДИНИРО РӮШНОИИ ЗИЁӢ АЗ БАЙН МЕБАРАД

13.06.2018

Дар китоби «Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» (Душанбе: Контраст, 2017, 464 саҳ.), аз ҷумла ба чунин нукоти омӯзанда  дучор омадам:
«Дар тӯли асрҳои зиёд аҷдоди хирадманди мо дар қаламрави зисти худ ва ҳатто берун аз он, дар саргаҳи инқилобҳои бузурги зеҳниву ақлӣ қарор доштаанд ва эҷодгарони фарҳанги пешрафта, бунёдгузорони давлатҳои соҳибқудрат ва муназзам, муаллифони осори ҷовидонаи илмҳои фалсафа, ҳуқуқ, тиб ва табиатшиносӣ будаанд, ки ин осор садсолаҳои дароз хизмати инсониятро ба ҷо оварда ва имрӯз низ аҳамияти худро аз даст надодааст».

муфассал

 

ТОҶИКИСТОН-МУҚОБИЛИ ТЕРРОРИЗМ

26.05.2018

Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат

«Террорист-террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ «худӣ» ё «бегона» ва ё «таҳаммулгаро»-ву «тундгаро» буда наметавонад».

Эмомалӣ РАҲМОН

Пас аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» бори дигар собит шуд, ки ҷониби Тоҷикистон доир ба ин мушкилоти ҷаҳонӣ саҳми назаррас дорад. Президенти кишвар пайваста ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳад, ки барои решакан намудани ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳон чораҳои муассир андешанд. Тавре Пешвои миллат дар конфронси байналмилалӣ иброз дошт, Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

муфассал

 

<< Start < Prev 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Next > End >>

Page 7 of 11