ҲНИТ: аз моҷароҷӯӣ то терроризм

26.05.2018

Мақоли мардумӣ «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» маҳсули таҷрибаи ҳазорсолаи инсонист ва он талқин мекунад, ки пеш аз сар задани мусибату бадбахтӣ илоҷашро бояд ҷуст ва дуруст тасмимгирӣ кард.  Мардуми тоҷик ва махсусан, қишри зиёиёни ватанӣ, ки аксаран, охири солҳои ҳаштод ва аввали навадуми асри гузашта ҳолати бетарафӣ ва бетафовутиро аз сар мегузарониданд, бар асари ноилоҷӣ ва ё ҷустӯҷӯ накардани илоҷ ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуданд. Маҳз дар ҳамон замон ба қавли мардумӣ амал мебоист кард ва «илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ» мебоист дарёфт. Аммо, чуноне ки мушоҳида кардем, ҷомеа дар ҷустуҷӯи илоҷ беҳавсалагӣ кард ва мушкил андар мушкил фарогири ҷомеа гардид. Давоми қисса медонем, ки ба чӣ анҷомид - ҷанги шаҳрвандӣ сар зада, боиси ҳалоки зиёда аз 150 ҳазор нафар ва тахриби маданият ва иқтисоду иҷтимоиёт гардид. Мусибат ва бадбахтиҳое, ки сари мардум дар он солҳо мисоли сели борон рехт, қабл аз ҳама, ба фаъолияти риёкорона ва худпарастонаи ТТЭ ҲНИТ бастагӣ дошт.

муфассал

 

САЛАФИЯ. АЗ ФИРЕБИ НАЗАР ТО БАРАНГЕХТАНИ ИХТИЛОФОТИ ДИНИЮ ДУНЯВӢ

15.05.2018

Неруҳои ҷонибдори исломи сиёсӣ, ки дар аввали садаи бистум, аниқтараш баъди анҷом ёфтани Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, ба шикасту буҳрони маънавию сиёсӣ дучор шуда буданд, дар солҳои баъдӣ дигарбора тасмим гирифтанд, ки ба хотири татбиқи манфиатҳояшон ба арсаи сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ворид гарданд.

муфассал

 

ҲАМПОЁНИ РОҲ ВА ҲАМДАСТОНИ ТАЪРИХ

10 08 2018

Ба муносибати сафари қарибулвуқӯи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон

Хусусияти барҷаста ва имтиёзи бузурги робитаҳои таърихӣ ва фарҳангии тоҷикону ӯзбеконро дар тӯли ҳазорсолаҳо муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва пайвандҳои адабиву фарҳангӣ шакл дода,  таҳаввул бахшидаанд. Робитаҳои хеле наздик ва ба ҳам даромехтаи иқтисодиву  фарҳангӣ маҳсули зисти якҷоя дар як обу хок буда, меҳнати якҷоя ва суннатҳои муштарак дар давоми асрҳо ба ин ҷараён таъсиргузор будаанд. 
Ҳанӯз Алишер Навоӣ дар «Муҳокимат-ул-луғатайн» хусусияти ваҳдат, иттиҳоди иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикону ӯзбеконро, ки дар тӯли замонҳо ҳампоёни роҳ ва ҳамдастони таърих будаанд,  мушоҳида карда, навишта буд: «Дар байни ҷавону пир, балки ҳамаи калону хурди ин ду тоифа ихтилот ба як андоза аст. Ҳар қадар ин якро бо он як омезиш ва гуфтор бошад, он якро ҳам бо ин як ба ҳамон андоза такаллум ва гуфтор ҳаст».  Дар ҳамин матн устод Айнӣ низ тоҷикону ӯзбеконро «як халқи дузабона» унвон кардаанд.
Воқеан ҳам, тоҷикону ӯзбекон дар тӯли таърих дар як муҳити ҷуғрофӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ зиста, дар неку бад ва ғаму шодии ҳам  ҳамеша шарик  будаанд. Бузургтарин фоҷиаҳои  таърихро, аз ҳуҷуми арабҳо сар карда, то фоҷиаҳои Чингиз  якҷоя пушти сар карда,  талхиҳои рӯзгору шириниҳои онро бо ҳам қисмат намудаанд. Таърих ҳуҷҷатҳоеро ҳифз кардааст, ки далели қиёмҳои истиқлолхоҳонаи тоҷикону ӯзбекон ба муқобили душманони муштаракашон низ  ҳаст. Ба ифодаи дигар, робитаҳои ин ду халқ фақат ба замони муайян маҳдуд нашуда,  умқ ва вусъати таърихиву паҳнои замонӣ дорад.

муфассал

 

АСРИ XXI. ҚАҲРАМОНҲОЕ, КИ НОМАШОН ҶОВИДОН МЕМОНАД

03 05 2019

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 апрели соли 2019 дар шаҳри Москва зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон, соҳибкорон, зиёиён ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия зикр намуданд, ки ба шарофати хоҳишу талошҳои дуҷониба миёни ду халқи бародар ва ду кишвари дӯст 16 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуд, ки дар таърихи беш аз ду даҳсолаи охир дастоварди бесобиқа аст.
Воқеан, ин дастоварди бузургест дар муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ду миллати бо ҳам дӯсти тоҷику ӯзбек. Мо – сокинони ҷумҳуриҳои соҳибистиқлоли Тоҷикистону Ӯзбекистон чандин солҳо чунин муносибати ҳасанаро интизор будем. Вақте ки 9 марти соли 2018 дар байни ин ҷумҳуриҳои бародар 27 созишнома ба манфиати халқҳои тоҷику ӯзбек ба имзо расиду симхорҳои байни кишварҳо аз хати сарҳадҳо бардошта шуданд, хурсандии мардум андоза надошт. Дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ тоҷикону ӯзбекон ашки шодӣ мерехтанд, ҳамдигарро ба оғӯш мекашиданд, суруд мехонданду мерақсиданд.
Имрӯз мо беҳад аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев хурсандем, ки тафриқаандозиро дар байни миллатҳои тамаддунофарини тоҷику ӯзбек аз миён бардоштанд. Айни замон, дар Ӯзбекистон мактабҳои тоҷикӣ аз нав фаъол мешаванд, забони тоҷикӣ мавқеи пешинаашро касб менамояд, тоҷикон ба корҳои давлатӣ пешбарӣ ва таъйин мегарданд, вакил интихоб мешаванд. 

муфассал

 

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

09 07 2019

ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН:

1. Сармутахассиси шуъбаи умумӣ -1 ҷой маоши мансабӣ 1200 сомонӣ.

2. Мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ-1ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

3. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорат, фармоишҳо,таҳлил ва иттилоот-1ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

4. Сармутахассиси зершуъбаи меҳнат ва музди меҳнати Раёсати молия ва буҷет-1ҷой маоши мансабӣ 1200 сомонӣ.

5. Мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти иҷтимои ва нафақаи Раёсати молия ва буҷет-1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

6. Мутахассиси пешбари зершуъбаи молияи Раёсати молия ва буҷет- 1ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

7. Мутахассиси шуъбаи таъминоти тиббии Раёсати тиббӣ-ҳарбӣ-1ҷой маоши мансабӣ 804 сомонӣ.

8. Мутахассиси пешбари хадамоти автомобилии Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

9. Мутахассиси хадамоти техникаи зиреҳпӯши Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ -1 ҷой маоши мансабӣ 804 сомонӣ.

10. Мутахассиси пешбари шуъбаи хӯрокаи Раёсати ақибгоҳ- 1ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

11. Мутахассиси пешбари шуъбаи маводи сӯзишвории Раёсати ақибгоҳ- 1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

12. Мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии Раёсати ақибгоҳ -1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

13. Мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии Раёсати ақибгоҳ -1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

14. Мутахассиси пешбари рӯзномаи “Ҳомии Ватан”-и Маркази иттилоти ва фароғатӣ- 1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

15. Сармутахассиси шуъбаи лоиҳакашии Раёсати сохтмони асосӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 1200 сомонӣ.

16. Сармутахассиси зершуъбаи молияи Раёсати сохтмони асосӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 1200 сомонӣ.

17. Сармутахассиси шуъбаи техникӣ ва таъминоти моддии Раёсати истифодабарии манзилӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 1200 сомонӣ.

18. Мутахассиси пешбари шуъбаи техникӣ ва таъминоти моддии Раёсати истифодабарии манзилӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

19. Мутахассиси пешбари зершуъбаи заминсозии Раёсати истифодабарии манзилӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

муфассал

 

АЗ МУҲАББАТ ТО МАСЪУЛИЯТ

09 08 2019

Сатҳи зиндагии мо вобаста ба андешаю рафтори худи мост. Табиист, ки саодати пайваста ва неъматҳои фаровон ҳамеша насиби кас намегарданд. Дар шебу фарози зиндагӣ ҳамеша дар шитобем. Шитобкорӣ сабаб мешавад, ки зиштиҳоро нек пиндорему хубиву накукориҳои ақлу хирадро нодида гузарем. Ифрот бо ҳама боду ҳавои назарфиребаш қалбу рӯҳ ва дидаи ақлу ҳуши моро кӯр мекунад.
Китоби зиндагӣ аз таҷрибаю ҳикмат ва панду насиҳатҳои ибратомӯз холӣ набуда, дастраси ҳар хонанда ва дӯстдори асили фанни зиндагӣ мебошад. Ҳикматҳои беназири китоби зиндагӣ моро водор мекунанд, ки аз ҳар саҳифа ва ҳар сатри он самаранок баҳрабардорӣ намоем ва андешаю афкори худро бо усули нав, дар маҷрои наву созандагиҳои боз ҳам азимтаре равона созем. Зиндагии мо аз ранҷу ганҷ, муҳаббату рақобат ва садоқату хиёнат барин мафҳумҳои пуртазод холӣ нест. Чашидани лаззати ҳар кадоме аз ин мафҳумҳо ба сабки андешаронӣ ва рисолати мафкураамон вобастагии зиёд дорад. Агар қудрати андешаи мо маҳорати дидану шинохтани нури дар дуриҳои дур аён будаи иқболу саодат, файзу баракатро дошта бошад, он гоҳ метавон аз лаззати хони меҳнати мо баҳравар шуд.
Хастагию парешонҳолӣ ва ғаму андуҳ дар ҳамон даргоҳ ҷойгузин мешавад, ки аҳли он сарзамин дарси ваҳдату қудрат, ибрату нусрат ва асолати рафоқатро наомӯхтаю таҷриба накарда бошанд. Қадри озодию неъмат, сулҳу ваҳдат ва файзи меҳнатро оне мешиносаду қадр мекунад, ки қудрати андешааш мизони ҳаққу ботилро бе хато муайян карда метавонад. Касе, ки талхии ғаму ғурбат, дарду ранҷ ва ҷабру ситамро эҳсос карда бошад, қимати озодию ободӣ, ишқу муҳаббат ва саодату садоқатро медонад. Миллати мо аз он миллатҳоест, ки чӣ будани дарду ғам, шикасту рехт ва ғурбату ранҷро медонад. Чӣ будани озодию адолатро хуб мешиносад. Аз он тоифае нестем, ки барои мо дигарон ҳамаи шароити зисту зиндагӣ ва неъмату сарватҳои дилхоҳро ҳадя карда бошанд.

муфассал

 

<< Start < Prev 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Next > End >>

Page 8 of 11