Home: News Ҳомиёни фазои ватан
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today53
Week735
This month7368
Only236168
Video

Forum

Ҳомиёни фазои ватан

Баъд аз ташкилёбии Артиши мамлакат Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки 1 уми марти соли 1993 нахустин парвози чархболи ҷангии МИ-24 дар фазои Тоҷикистон сурат гирифта, тайи солҳои 1993-1997 ҳайати шахсии ин навъи қӯшун маҳорати баланди касбӣ нишон додаанд.

Қобили қайд аст, ки онҳо дар рафти зиёда аз 60 амалиёти ҷангӣ иштирок намудаанд. Ба ғайр аз ин, силоҳу муҳимоти гуногуни ҳарбӣ, хӯрока ва пӯшока барои ҷанговарони ҷузъу томҳои амалкунанда тавассути чархболҳо саривақт расонида мешуд. Ҳамзамон, дар ин давра тавассути нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии кишвар беш аз 25 ҳазор парвозҳои авиатсияи ҳарбӣ доир гаштааст, ки аз ин миқдор зиёда аз 10 ҳазораш парвозҳои ҷангӣ мебошад. Ва инчунин зиёда аз 30 ҳазор тонна борҳои гуногуни ҳарбӣ ва беш аз 40 ҳазор одам ба ҷойҳои таъиншуда расонида шудааст.

Бояд қайд намуд, ки аз соли 2004-ум инҷониб дар назди Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи кишвар факултаи ҳавонавардии ҳарбӣ амал мекунад, ки дар тӯли фаъолияти факулта чандин мутахассисони болаёқат дар соҳаи авиатсияи тоҷик тарбия ёфтаанд.

Бо дастгирии бевоситаи давлату ҳукумат ва роҳбарияти Вазорати мудофиа моҳи феврали соли ҷорӣ дар пойгоҳи ҳавонавардии “Айнӣ” бинои таълимии якошёна барои ҳайати устодон ва афсарону курсатони факултаи ҳавонавардии ҳарбии донишкадаи мазкур бо тамоми шароити нави замонавӣ ба истифода дода шуд.

Аввалин хатмкунандагони факултаи авиатсионии ин донишкада баъд аз 4 соли омӯзиш соли 2008 - ум ба ҳайати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гардида, ба халқу ватан содиқона хизмат намуда истодаанд.

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform