Home: News БА ИФТИХОРИ 25-СОЛАГИИ АРТИШИ МИЛЛӢ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today63
Week745
This month7378
Only236178
Video

Forum

БА ИФТИХОРИ 25-СОЛАГИИ АРТИШИ МИЛЛӢ

05.02.2018

АРТИШ ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ

Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди ватанамон мебошад. Таҳким бахшидан ва нерӯманд сохтани Артиши миллӣ аз тарбияи хуби ҷавонон дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ вобастагӣ дорад. Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагӣ ба шумор рафта, онҳо маҳз дар ин ҷо далеру бошуҷоъат тарбия меёбанд ва ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд.

Яке аз роҳҳои баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва бедор намудани ғурури миллии онҳо гузаронидани чорабиниҳои гуногун ва ҷалби ҷавонон ба осорхонаҳо мебошад.

Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки соли 2013 дар заминаи осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод ифтитоҳ ёфтааст, дар ин бобат нақши бориз дорад. Дар ин осорхона, дар толоре, ки ба даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бахшида шудааст, дастовардҳои Артиши миллиамон аз рӯзи таъсисёбиаш ба таври комил инъикос ёфтаанд. Дар ин ҷо аз фаъолияти артиш нигорҳо ҷамъоварӣ ва ба номоиш гузошта шудаанд. Дар аксҳои таърихӣ ҳолатҳои вохӯрии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо афсарону сарбозон, ҳолатҳои сафороӣ ва парадгузарии афсарону сарбозон дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ҷараёни донишомӯзии донишҷӯёни Донишкадаи ҳарбӣ ва ғайра инъикос ёфтаанд, ки аз тамошои онҳо наврасону ҷавонон ба пӯшидани либоси низомӣ ҳавас карда, мехоҳанд чун ҷавонмардони шуҷои Ватан ҳамеша дар дифои марзу буми Ватан омода бошанд.

Яке аз роҳҳои дигари баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии наврасону ҷавонон дар осорхона ташкил намудани намоишҳо аз ҳаёти низомиён аст. Дар Осорхонаи миллӣ аз соли 2014 ин ҷониб дар ҳамкорӣ бо намояндагони Вазорати мудофиа ва Донишкадаи ҳарбӣ бо истифода аз маводҳо оид ба Артиши миллӣ намоишҳо ташкил карда мешаванд. Намоишҳо асосан дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ- 23 феврал таҳти унвони «Артиши миллӣ зодаи Истиқлолияти давлатӣ» сурат мегиранд. Дар ин намоишҳо асосан аксҳо оид ба дастовардҳои Артиши миллӣ, китобу маҷаллаҳои гуногун аз ҳаёти низомиён, рӯзномаи «Ҳомии Ватан» ва ҷолибтарин нигораҳо ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Анъанаи ҷолибест, ки пеш аз ифтитоҳи расмии чунин намоишҳо оркестри созҳои нафасӣ ва зарбии Вазорати мудофиа ҷалб шуда, дар назди осорхона мусиқӣ менавозанд, роҳбарияти осорхона ва кормандони Вазорати мудофиа суханронӣ, хонандагони мактабҳо шеърхонӣ ва дастаи санъаткорони низомӣ дар васфи Ватан сурудхонӣ мекунанд. Албатта, чунин иқдом низ метавонад дар тарбияи зебопарастӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстии наврасону ҷавонон нақши бориз дошта бошад.

Аз оғози соли равон, бахшида ба 25 - солагии Артиши миллӣ ҳамкориҳои Осорхонаи миллӣ бо Вазорати мудофиа қавӣ гардида, аллакай гузаронидони чорабиниҳои ҷолиб дар Осорхонаи миллӣ оғоз ёфтааст.

Ҳасан НУРМАТЗОДА,

ходими калони илмии

Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform