13 08 2019

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷалби сохтору мақомоти давлатии ин гарнизон ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2019 пешбинӣ гардидааст, дар 3 марҳила ташкилу ба роҳ монда мешавад.

Дар баробари иштироки сохтору мақомоти давлативу қудратии Тоҷикистон дар ин гарнизон, инчунин дар ин машқҳои муштарак ҷузъу томҳои Артиши Озодихоҳи Халқии Чин низ бо техникаву лавозимоти ҳарбӣ дар он ҷалб мегарданд. Илова бар ин, дар доираи баргузории машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ дар гарнизони Хоруғ ситоди муштараки идории қӯшунҳо ташкил гардида, раисони шаҳру ноҳияҳои ин минтақа захираҳои эҳтиётии даъватшавандагон дар он ҷалб карда шуданд. Ҳамзамон, техникаҳои хоҷагии халқ ва умуман лавозимоте, ки барои чорабинии муҳими низомӣ заруранд, истифода мегарданд.

Дар ин машқҳо дар баробари ҷалби ҳайати шахсии ин гарнизон, инчунин тамоми размгоҳҳои ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба майдони шартии ноҳияи Шуғнон машқҳои муштараки баталиёни тактикӣ доир карда мешаванд, ки дар он техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангию артиллерӣ, чархболҳои ҳарбии МИ-8 ва МИ- 24, техникаҳои гуногуни автомобилӣ ва дигар силоҳу муҳиммоти мухталифи ҷангӣ истифода мегарданд.Ҷараёни баргузории тамоми амалиёти пешбинишуда аз ҷониби Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идора гардида, он таҳти назорати қатъии вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо ҷараён мегирад.

Ҳадафи баргузории ин чорабинии муштараки низомӣ дар гарнизони Хоруғ ин сайқал додани ҳамоҳангӣ ва таҷрибаи ҳайати шахсии сохторҳои низомии мамлакат дар ташкили амалиёти бомуввафақонаи ҷангӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳию равонӣ, қобилияти ҷангию ҷисмонӣ ва сафарбарии қӯшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи зиддитеррористиро дар минтақаҳои масъулиятноки сарҳадӣ, шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ дар бар мегирад.

Бояд тазаккур дод, ки марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии ҷузъу томҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Артиши Озодихоҳи Халқии Чин бо тирпарронии ҷангӣ рӯзи 14-уми августи соли 2019 дар машқгоҳи ҳарбии Ҷелондии Ҳудуди ноҳияи Шуғнон, ки дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад, бо истифодаи авиатсияи ҷангӣ ва дигар лавозимоти ҷангӣ ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда мешавад.

подполковник Ориф НОЗИМИЁН,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон