Мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», бандҳои 2 ва 6 Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ шудааст,

Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:

1. Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон карда шавад:

Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа:

- мутахассиси пешбари шуъбаи умумии ДВМ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи тарҷумонии ДВМ;

- сармутахассиси зершуъбаи компютерии ДВМ;

- сармутахассиси зершуъбаи меҳнат ва музди меҳнати Раёсати молия ва буҷет;

- мутахассиси Хадамоти метрологии Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии Раёсати ақибгоҳ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии Раёсати ақибгоҳ;

- мутахассиси пешбари Гурӯҳи телевизионии Маркази иттилоотӣ ва фароғатӣ;

- мутахассиси Гурӯҳи телевизионии Маркази иттилоотӣ ва фароғатӣ;

- мутахассиси пешбари рӯзномаи «Ҳомии Ватан»;

- сармутахассиси шуъбаи лоиҳакашии Раёсати сохтмони асосӣ;

- сармутахассис клуби марказии варзишии артиш;

- сармутахассиси шуъбаи назорати техникӣ ва таъминоти моддии Раёсати истифодабарии манзилӣ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи назорати техникӣ ва таъминоти моддии Раёсати истифодабарии манзилӣ;

- мутахассиси пешбари зершуъбаи заминсозии Раёсати истифодабарии манзилӣ.

 

Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ:

- сармутахассиси Раёсати амалиётӣ;

- сармутахассиси шуъбаи маъмурӣ-хоҷагидорӣ;

- мутахассиси пешбари зершуъбаи кадрии қисми ҳарбии 01003;

мутахассиси пешбари Хадамоти оркестри ҳарбӣ.

Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ:

- сардори гурӯҳи тарҷумонии дастгоҳи фармондеҳӣ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо;

- мутахассиси пешбари шуъба оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ;

- мутахассиси хадамоти маъмурӣ-хоҷагидорӣ.

Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ:

- сардори гурӯҳи тарҷумонии дастгоҳи фармондеҳӣ;

- мутахассиси пешбари гурӯҳи тарҷумонии дастгоҳи фармондеҳӣ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи ақибгоҳ;

- мутахассиси пешбари зершуъбаи маъмурӣ-хоҷагидорӣ;

- мутахассиси пешбари хадамоти обуҳавосанҷии Нуқтаи муттаҳидаи фармондеҳӣ;

- мутахассиси зершуъбаи махфии дастгоҳи фармондеҳӣ;

- мутахассиси пешбари хадамоти истифодабарии манзилии қисми ҳарбии 07031.

Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ:

- сардори гурӯҳи тарҷумонии дастгоҳи фармондеҳӣ;

- мутахассиси пешбари шуъба оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ;

- мутахассиси шуъбаи ақибгоҳ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи хадамоти қӯшун ва бехатарии хизмати ҳарбӣ;

- мутахассиси пешбари дастгоҳ;

- мутахассиси пешбари зершуъбаи фармонҳо, иттилоот, таҳлил ва назорат;

- мутахассиси пешбари шуъбаи сохтмон ва ҷобаҷогузории манзилӣ;

- мутахассиси пешбари дабирхона.

Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа:

- мутахассиси пешбари шуъбаи илми ҳарбӣ.

Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа:

-мутахассиси пешбари ақибгоҳ.

Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе:

- мутахассиси пешбари шуъбаи сафарбарӣ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи қайди бронҳо ва ҳифзи иҷтимоии прапоршикон, сержантон ва сарбозони эҳтиётӣ.

Комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ:

- сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидорӣ;

- сардори зершуъбаи махфӣ.

Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ:

-сардори зершуъбаи махфӣ.

Комиссариати ҳарбии шаҳри Турсунзода:

- сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидорӣ.

Комиссариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат:

сардори зершуъбаи махфӣ.

Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор:

- сардори зершуъбаи махфӣ.

Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав:

- мутахассиси зершуъбаи сафарбарӣ; - мутахассиси пешбари зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ.

Комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб:

- сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидорӣ;

- сардори зершуъбаи махфӣ;

- мутахассиси пешбари зершуъбаи сафарбарӣ;

- мутахассиси пешбари зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётӣ;

- мутахассиси пешбари зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ.

Комиссариати ҳарбии шаҳри Роғун:

- сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидорӣ;

- сардори зершуъбаи махфӣ.

 

2. Сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиа ҷиҳати эълон намудани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавассути воситаҳои ахбори омма (сомона) чораҷӯӣ намояд.

3. Назорати иҷрои фармоиш ба зиммаи муовини вазири мудофиа (масъули соҳаи корҳои сиёсӣ – тарбиявӣ) вогузор карда шавад.

4. Фармоиш ба шахсони дахлдор расонида шавад.

ДИҚҚАТ

Довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллах ҳуҷҷатҳои зеринро ба зершуъбаи кадрии дастгоҳи вазири мудофиа пешниҳод намоянд:

-аризаи шахсӣ ба унвони вазири мудофиа;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4x6 );

-тарҷумаи ҳоли дастӣ ва чопӣ;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи (СИН);

-нусхаи гувоҳномаи (ИНН) рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

-маълумотнома дар шакли электронӣ (резюме).

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ шаҳрвандон метавонанд ба суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 59, ба Дастгоҳи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, ё бо телефони 223-01-86 дар тамос бошанд.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

генерал - полковник Ш. МИРЗО